Зодрӯзи роҳбари кордон ва донишманд

Бинанда: 836 | Санаи нашр: 21 Феврал 2022

Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат зодрӯз доранд.

 

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзодаро ба ифтихори рӯзи мавлудашон табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар корҳои илмӣ ва ҷодаи роҳбарӣ барору комёбӣ таманно менамоянд.

Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,

Биомӯзу биандешу биофар.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат пас аз хатми мактаби миёна барои чашидани қатрае аз дарёи илм соли 2002 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ нахуст фаъолияти меҳнатии худро ба сифати ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар пажӯҳишгоҳи мазкур бо эҳсоси баланди масъулиятнокӣ, дар вазифаҳои ходими илмӣ, иқтисодчӣ, раиси олимони ҷавон ва аспирант фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2013 дар вазифаи мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияти босамар намудааст.

Аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳалии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, баъдан аз моҳи сентябри соли 2014 то ноябри соли 2020 дар вазифаи директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи информатика ва технологияи иттилоотии шаҳри Душанбе кор ва фаъолияти самаранок намудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми ноябри соли 2020 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин гардидааст.

Барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм, таълиму тарбияи насли наврас ва эҷодкорию созандагӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардидааст. Ҳамчунин соли 2021 Маҳмадалӣ Раҳмат барои натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти корӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар баробари ба дӯш доштани вазифаи масъулиятнок пайи ҷустуҷӯи илм роҳи худро идома додааст. Баъд аз заҳматҳои зиёд дар роҳи илм, 29-уми сентябри соли 2021 ҳимояи диссертатсионии худро дар мавзӯи “Такмили механизми ташаккул ва рушди сохторҳои кооператсионӣ-ҳамгироӣ дар зеркомплекси пахта (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ бомуваффақият ҳимоя намуда, бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2021 ба дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ сарфароз гардидааст.

Дар рӯзи зодрӯзи роҳбари кордон ва шахси донишманд Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бори дигар барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди роҳбарию илмиро таманно дорем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top