РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДА

Бинанда: 842 | Санаи нашр: 19 Феврал 2022

Яке аз роҳҳои асосии ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ин тарғибу ташвиқ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб меравад.

Чунин тадбир, яъне “Рӯзи дарҳои кушода” 19-уми феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим, намояндагони Иттифоқи Тоҷикматлубот Талбак Худойназаров ва Ҳанифа Наврӯзова, ҳамчунин беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Нахуст намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет ва дискҳои электрониро тақдим карданд. Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштанд.

Сипас, дар толори асосии донишгоҳ роҳбарияти донишгоҳ бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор намуд. Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов доир ба фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо ба донишҷӯён ибрози андеша намуд.

Намояндаи Иттифоқи Тоҷикматлубот Талбак Худойназаров дар бораи дастгирию ғамхориҳои доимии донишгоҳ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва шароитҳои хуби таҳсил ҳарф зада, довталабонро ба илмомӯзӣ ва дӯст доштани касби интихобкарда даъват намуд.

Дар суханронии Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим доир ба интихоби касб ва тарзу хусусиятҳои қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.

Баъдан ба хатмкунандагоне, ки ба саволҳои тестии аз ҷониби донишгоҳ тартибдодашуда ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз тарона ва суруду рақсҳои дилнишин мураттаб гардида буд, хотири ҳозиринро болида гардонид.

Дар хотимаи ҷамъомад Саймаҳмуд Саидов аз номи Раёсати донишгоҳ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки хонандагонашон дар “Рӯзи дарҳои кушода” фаъолона иштирок доштанд, изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки хатмкунандагони таълимгоҳҳои гуногуни кишвар ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб карда, баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи донишгоҳ мегарданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top