Семинари илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинанда: 822 | Санаи нашр: 18 Феврал 2022

15 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иқдоми навбатии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ, барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” барои устодон ва донишҷӯён семинари илмӣ-амалӣ доир гашт.

Чорабиниро Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ, барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ буда, барои ғанӣ гардонидани сатҳи донишу малака, тавсеаи тафаккури молиявӣ ва ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар навбати худ аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба масъулини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати баргузории семинари илмӣ-амалӣ арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар шароити имрӯзаи молиявию иқтисодӣ хеле муҳиму зарур мебошанд ва яқинан, барои таҳрик додани сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ, донишу маърифати илмӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯёну ҷавонони мо мусоидат намуда, барои бештар кардани завқу ҳаваси онҳо ба донишандӯзӣ ва ташаккул додани қобилияти пажӯҳишу навҷӯӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар оғози рӯнамо Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мавзӯи вазъи низоми бонкиро манзури аҳли нишаст гардонид. Мавсуф диққати ҳозиринро ба вазъи воқеии низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он, сатҳи дороиҳо ва уҳдадориҳо, зиёд гардидани ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва пастшавии сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳдорӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, низоми пардохт ва инфрасохтори пардохт, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва саҳми он дар иқтисодиёт дар давоми 6 соли охир ҷалб намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

Дар қисмати дуюми семинари илмӣ-амалӣ роҳбарони як қатор сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон оид ба самтҳои алоҳидаи рӯнамоии мазкур, аз ҷумла татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории суботи молиявӣ, вазъи низоми иттилоотӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аҳли нишастро шинос намуданд.

Аз ҷумла, сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳриддинов зимни рӯнамоии худ оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд Диловар Убайдуллоев дар мавзӯи татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум ва омилҳои асосии таъсиррасон ва муовини директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Фарухрӯз Мамадалиев дар самти татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор, Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR), диверсификатсияи сохтори захираҳои байналмилалӣ ва ғайра дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Дар охир муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону аз ислоҳотҳои татбиқшуда дар низоми бонкӣ ва низоми пардохт, тадбирҳои андешидаи БМТ ҷиҳати пешгирии таъсири COVID-19, биниш ва дурнамои БМТ, ҳамзамон идомаи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон сухан карда, рунаморо ҷамъбаст намуд.

Дар идомаи семинари илмӣ-амалӣ миёни масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ва аҳли нишаст оид ба рӯнамоии мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт. Иштирокдорон бо истифода аз шароити мусоид ба суолҳои худ доир ба низоми бонкӣ, аз қабили Стратегияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ, меъёри бозтамвил, сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, идоракунии хавфҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, раванди баргузории озмун барои ишғоли вазифаҳои холии Бонки миллии Тоҷикистон ва ғайра посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ барои баромади пурмуҳтаво ба масъулини Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ-амалӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи дониши молиявӣ ва тафаккури донишҷӯён мусоидат хоҳад кард. “Таҳлили ҳаматарафаи соҳаи низоми бонкӣ аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ далолат медиҳад”, - қайд намуд Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Мохбону Накатова Firdavs Tolibov

https://nbt.tj/tj/news/526751/

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top