Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон

Бинанда: 892 | Санаи нашр: 14 Феврал 2022

14-уми феврали соли 2022 дар факултети молия ва қарз раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони сохтори зикршуда М. Олуфтаева, мутахассис оид ба кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ Шаҳло Сониева ва сармутахассиси ҳамин раёсат Фарида Алимардонова бо донишҷӯдухтарон вохӯрӣ анҷом доданд.

М. Олуфтаева, Ш. Сониева ва Ф. Алимардонова зимни вохӯрӣ доир ба масоили муҳимму мубрам, ба мисли одобу ахлоқ ва рафтори донишҷӯдухтарон, сари вақт ба дарс ҳозир шудани онҳо, пӯшидани либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва либосҳои миллӣ аз якуми марти соли равон, Рӯзи дарҳои кушода дар донишгоҳ (19-уми феврал) ва иштироки донишҷӯдухтарон дар тадбирҳои фарҳангию маърифатӣ суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфтанд.

Чунин вохӯриҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ баргузор мегарданд.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top