Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 853 | Санаи нашр: 12 Феврал 2022

Имрӯз (11.02.2022) дар донишгоҳ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонзода ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардид.

 

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба ҳадафҳои стратегияи миллӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар давоми 20 соли охир, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026, бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгарӣ ва ғайра суханронӣ кард.

Сипас аъзои гурӯҳи корӣ – Ҷ. Муродов, А. Шоҳиён ва У. Қурбонзода нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, доир ба раҳнамою созанда будан ва моҳияти иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ғоявӣ доштани он, хатарҳои ҷаҳони муосир, рушди сармояи инсонӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар масоили муҳим ҳарф заданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Фарҳод Шаропов аз номи раёсати донишгоҳ ба ҳайати гурӯҳи корӣ изҳори сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top