Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Бинанда: 809 | Санаи нашр: 11 Феврал 2022

10-уми феврали соли 2022 дар донишгоҳ муовинони сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Амирзода ва Собир Шоҳимардонзода бо омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар оғози ҷамъомад муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов меҳмононро ба ҳозирин шинос намуда, доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.

Сипас, Баҳодур Амирзода доир ба баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкиму тавсеаи ҳамкории ҷомеа бо ниҳодҳои қудратӣ, мубориза бар зидди воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткории ин қишри ҷомеа, омӯзиши касбу ҳунар, тамоюли бегонапарастии занону духтарон, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Дар фарҷоми ҷамъомад Фарҳод Шаропов аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон арзи сипос карда, иброз дошт, ки ДДТТ минбаъд низ ҳамкориҳои худро дар ин самт бо ниҳодҳои қудратии кишвар таҳким мебахшад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top