Биё, бо ҳам механдем!

Бинанда: 882 | Санаи нашр: 10 Феврал 2022

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 9-уми феврали соли 2022 дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022” даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони “Биё, бо ҳам механдем!” дар байни донишҷӯён баргузор гардид.

Донишҷӯён дар доираи номинатсияҳои зерин: “Саҳначаи ҳаҷвӣ”, “Монолог”, “Тақлид” ва “Театрикунонӣ” ҳунарнамоӣ карда, маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Ғолибон ба даври дуюми фестивали ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top