Вохӯрии судманд

Бинанда: 770 | Санаи нашр: 09 Феврал 2022

8-уми феврали соли 2022 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ муовини декан оид ба тарбия Сурайё Қурбонова ва дигар бонувони масъул бо донишҷӯдухтарон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Вохӯриро Сурайё Қурбонова оғоз карда, доир ба одобу рафтор, сарулибос ва иштироки донишҷӯдухтарон ба машғулиятҳо суханронӣ намуд.

Сипас мутахассис оид ба кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ Шаҳло Сониева, сармутахассиси ҳамин раёсат Фарида Алимардонова ва раиси бонувони факултет Нигора Марупова доир ба мавқеи занон дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар, иштироки донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, риояи меъёрҳои ахлоқиву тарбиявӣ аз ҷониби онҳо ва дигар масоили муҳим ибрози андеша карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ доир ба масоили мавриди назар байни нотиқону донишҷӯдухтарон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top