Ҷамъомад дар хобгоҳ

Бинанда: 799 | Санаи нашр: 03 Феврал 2022

3-юми феврали соли 2022 дар хобгоҳи №1-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки гурӯҳи кории занони Раёсати донишгоҳ ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур Ҷамила Ғафурова, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона, Сайёра Қурбонова, муовини декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ оид ба тарбия, Маҳбуба Амонатова, раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, онро дастури раҳнамунсоз дар тамоми соҳаҳо маънидод намуданд.

Сипас, ҳайати корӣ аз вазъи зисти донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ дидан намуда,  ба эшон доир ба тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи зист, рӯ овардан ба китобхонӣ ва машғул шудан ба ҳунарҳои мардумӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top