Консепсияи таълими донишҷӯмеҳвар

Бинанда: 911 | Санаи нашр: 05 Феврал 2022

Санаи 04.02.2022 бо ташабусси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Консепсияи таълими донишҷӯмеҳвар” баргузор гардид.

 

Бо сухани ифтитоҳӣ семинари мазкурро сардори раёсати таълим Мирзоев Р.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавии раванди таълим ва рақамикунонии таҳсилот нақши консепсияи таълими донишҷӯмеҳвар хеле ҳам баланд мебошад. Консепсияи таълими донишҷӯмеҳвар мавқеи донишҷӯёнро дар раванди таълим ҳамчун иштирокчиён ва шарикони бевосита дар рушди таҳсилоти худ муайян менамояд.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҳамитов М.С. мавзӯи семинарро баррасӣ карда, қайд намуд, ки зарурати низоми нави таҳсилот - ин омода намудани мутахассиси дорои тафаккури муосир, ки ба фаъолияти навоварӣ, худинкишофёбии мунтазам ва арзишҳои умумибашарӣ, ки ба ғояҳои инсондӯстӣ асос ёфтааст, нигаронидашуда мебошад.

 

Дар ҷамъбасти семинар, сардори раёсати таълим Мирзоев Р.Р. дар бораи Консепсияи таълими донишҷӯмеҳвар ақидаҳои худро баён намуда, ба ҳозирин барои иштироки фаъолашон арзи сипоси ташкилкунандагони семинарро расонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top