Дараҷаи илмӣ муборак, устодони азиз!

Бинанда: 812 | Санаи нашр: 04 Феврал 2022

Боиси хурсандист, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафи олимони ҷавони дараҷаҳои илмидошта рӯ ба афзоиш аст.

Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зерини донишгоҳ бо дараҷаҳои илмӣ сазовор гардонида шуданд:

Толибов Қобил Қосимович – дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ, (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2022, № 41/ди)

Амонатова Маҳбуба Атоевна – дараҷаи илмии номзади илмҳои геграфия, (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2021, № 36/ди)

 

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Толибов Қобил Қосимович ва муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Амонатова Маҳбуба Атоевнаро бо ин дастоварди илмиашон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои нави илмиро таманно доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top