НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Бинанда: 805 | Санаи нашр: 02 Феврал 2022

Дар нишасти матбуотие, ки  имрӯз (02.02.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, 38 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи кишвар, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Фараж”, “Паёми Душанбе”, “Инсон ва табиат”, “Ҷаҳони паём”, маҷаллаҳои “Илм ва ҳаёт”, “Хорпуштак”, шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Баҳористон”, шабакаҳои радиоии “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”, “Ховар”, “Овози тоҷик” ва ғайра иштирок намуданд.

Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳозиринро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, ба таври мухтасар дар бораи фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли 2021 маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма, ки фарогири мавзӯъҳои гуногуни марбут ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъминот бо китобҳои дарсию методӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ, рушди соҳибкории тиҷоратӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар, хусусиятҳои раванди таҳсил дар низоми фосилавӣ, дастгирии иҷтимоии кормандону донишҷӯён, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайра буданд, ҳайати раёсати донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top