Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз

Бинанда: 782 | Санаи нашр: 29 Январ 2022

29-уми январи соли 2022 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни миллии Сада, ки дар баробари Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, мизи мудаввар дар мавзӯи “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.

Сухани муқаддимавиро сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов оғоз намуда, вобаста ба мавзӯи зикргардида андешаронӣ намуд.

Сипас, декани факултет Ораз Муртазоев иштирокдоронро ба ин ҷашни қадимаи  миллиамон табрику таҳният гуфта, дар бораи аҳаммият ва муҳтавои он суханронӣ кард.

Дар ҷараёни мизи мудаввар муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Мадина Муродова, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҷаъфар Неъмонов ва омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Ҳабибулло Мақсадов андешаҳояшонро роҷеъ ба ин ҷашни куҳанбунёд баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top