Баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ

Бинанда: 723 | Санаи нашр: 29 Январ 2022

28-уми январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ва мудири шуъбаи ҳамин муассиса Маъруфӣ Расулҷон бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи илму маорифро самти афзалиятнок дониста, ба рушди ҳамаҷонибаи он пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар пешрафт ва рушди илми ватанӣ нақши муҳим бозида истодааст.

Сипас, Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ аз нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар самти пешбурди илми ватанӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот ёдовар шуда, амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар ин самт вазифаи ҷонии ҳар як зиёии кишвар маънидод кард. Ӯ инчунин ба таври муфассал дар бораи фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири нави санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мубрамияти мавзӯи кори илмӣ, таъини роҳбарони илмӣ, муқарризон ва ғайра маълумот пешниҳод кард.

Абдулҳаким Шералӣ афзуд, ки воқеан дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шӯрои диссертатсионӣ аз соли 2017 амал мекард, ки фаъолияти он хеле хуб арзёбӣ мегардад ва имрӯз мо тибқи талаботи санадҳои нави меъёрӣ барои таъсиси шӯрои нав иҷозат додем, ки он 15 нафар олимони шинохтаи соҳаи иқтисоди ҷумҳуриро дар бар мегирад ва боварӣ дорам, ки ҳайати нави шӯро ҷиҳати таҳлилу баррасӣ ва сифати баланди рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ корро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд. Мавсуф, инчунин бо мисолҳо аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни ҳимояи рисолаҳои илмӣ ёдовар шуда, баҳри бартараф намудани онҳо дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

Баъдан аъзои шӯрои диссертатсионӣ профессорон Абдусаттор Ҷабборов, Сироҷиддин Комилов, Сафиувло Ҳабибов ва Фарҳод Шаропов суханронӣ карда, нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди илми тоҷик муҳим арзёбӣ намуда, андешаҳои хешро доир ба боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баён доштанд.

Дар хотимаи ҷамъомад ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Раҳмат ба Абдулҳаким Шералӣ барои суҳбати озоду самимӣ ва дастуру маслиҳатҳои муфид изҳори сипос намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ минбаъд низ дар роҳи илму маърифат кӯшиш ба харҷ дода, дар ташаккули илми ватанӣ ва ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top