Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ

Бинанда: 762 | Санаи нашр: 26 Январ 2022

Тавре иттилоъ дода будем, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол ва футболи хурд байни омӯзгорону кормандон барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ баргузор гардид, ки он 21 рӯз (аз 4-ум то 25-уми январ) идома ёфт.

Мусобиқаҳо рӯзи 26-уми январи соли 2022 ҷамъбаст гардида, ғолибони он ба таври зайл муайян гардиданд:

Аз намуди шоҳмот

Ҷойи 1-ум Салимов Назаралӣ, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.

Ҷойи 2-юм Қурбонов Абдукарим, декани факултети молия ва қарз.

Ҷойи 3-юм Одинабеков Хусрав, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ.

Тенниси рӯи миз

Ҷойи 1-ум Султонов Тоҳир, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ.

Ҷойи 2-юм Раҳимов Маъруф, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ.

Ҷойи 3-юм  Раҷабов Комрон, дотсенти кафедраи молия ва қарз.

      Волейбол

Ҷойи 1-ум  дастаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ.

Ҷойи 2-юм дастаи Раёсати донишгоҳ.

Ҷойи 3-юм  дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ.

Футболи хурд

Ҷойи 1-ум дастаи Раёсати донишгоҳ.

Ҷойи 2-ум дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ.

Ҷойи 3-юм дастаи факултети иқтисодиёт ва тиҷорат.

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Ҷом, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда мешавад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top