Курсҳои омӯзишӣ дар донишгоҳ

Бинанда: 761 | Санаи нашр: 22 Январ 2022

20-уми январи соли 2022 дар донишгоҳ бо ибтикори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши истифодаи технологияи нави муосир-тахтаи электронӣ ва видеопроектор барои омӯзгорон оғоз гардид.

Дарсҳо дар доираи курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби муаллими калони кафедараи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Маҳмадрасул Қурбонов гузаронида шуда, даҳ рӯз идома меёбад ва дар он омӯзгорони кафедраҳо донишу малакаи худро дар ин самт такмил медиҳанд.

Ба хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ сертифкат супорида мешавад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top