Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Бинанда: 814 | Санаи нашр: 21 Январ 2022

20-уми январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Хадамоти гумрук дар таъмини бехатарии бозори истеъмолии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ифтитоҳ намуда, аз номи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирокдоронро ба ифтихори Рӯзи таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт ва ба таври мухтасар доир ба фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи гумрук, нақшаву ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва саҳми соҳаи гумрук дар он ибрози андеша кард.

Дар идомаи семинар муовини сардори раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти зикршуда Хуршед Чиллазода дар мавзӯи “30 соли фаъолияти Хадамоти гумруки кишвар”, муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат Сайфулло Кабиров дар мавзӯи “Саҳми имтиёзҳои тарифию гумрукӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Абдулло Зиёиён дар мавзӯи “Нақши мақомоти гумрук дар соддагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов дар мавзӯи “Масоили экспертизаи гумрукӣ ва рушди он дар низоми гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев дар мавзӯи “Нақши мақомоти гумрук дар назорати сифати молҳои воридотӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва андозбандии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Парвиз Нидоев дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгари амни иқтисод ва таҳкимбахши гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Насриддинов дар мавзӯи “Проектисонизми ратсионалӣ” баромад карда, доир ба аҳаммият ва нақши калидии соҳаи гумрук дар рушди иқтисоди миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Дар музокира мудири кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Саъбат Ҳикматов доир ба саҳми мақомоти гумрук дар амалисозии Стратегияи миллии рушди иқтисоди мамлакат ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми семинар Фарҳод Шаропов ба маърӯзачиён барои суханронии пурмазмун изҳори сипос карда, таманнои онро намуд, ки Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар оянда низ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ободу пешрафта гаридани он саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top