Худ ва атрофиёнро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоем

Бинанда: 722 | Санаи нашр: 21 Январ 2022

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор намуд, ки тадбирҳои заруриро оид ба пешгирии навъи нави КОВИД-19 амалӣ намоянд.

Хушбахтона, тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нави беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ намудани ин бемории сироятӣ андешида истодааст.

Дар робита ба ин, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ ситоди корӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши нави короновирус КОВИД-19 амал менамояд. Ситоди корӣ дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ, интиқол, безараргардонӣ ва эмгузаронии навбатӣ (реваксинатсия) корро фаъол гардонда истодааст.

Дар донишгоҳ дар баробари омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 ба ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ аҳаммияти зарурӣ дода, бо мақсади пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ роҳравҳо, синфхонаю озмоишгоҳҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳро бо маҳлули хлор безарар гардонида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён вусъат дода истодаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top