Дастгирии иҷтимоии кормандону омӯзгорон

Бинанда: 796 | Санаи нашр: 11 Январ 2022

Дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату ватан арзёбӣ намуданд, дар мувофиқа бо Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бо фармоиши ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз 11 январи соли 2022 ҳамаи омӯзгорон ва кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи истиқомат барои соли 2022 пурра озод гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд ва маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top