Хушхабар дар оғози соли нав

Бинанда: 806 | Санаи нашр: 31 Декабр 2021

Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 366/ди, аз 31 декабри соли 2021, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ сазовор дониста шуданд.

Ҳимояи рисолаи Маҳмадалӣ Қурбонзода дар мавзӯи “Такмили механизми ташаккул ва рушди сохторҳои кооператсионӣ-ҳамгироӣ дар зеркомплекси пахта (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дар Шӯрои диссертатсиони 6D.KOA-014-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардида буд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзодаро бо ин дастоварди илмӣ самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбӣ орзу доранд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top