Ҷамъбасти соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022

Бинанда: 944 | Санаи нашр: 31 Декабр 2021

Имрӯз (30-юми декабри соли 2021) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон низ иштирок доштанд. Дар ҷаласаи мазкур ҳисобот оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли сипаришаванда ва вазифаҳо барои соли 2022 ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ, густариши равобити байналмилалӣ ва афзун намудани дастовардҳои илмӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида, мавқеи донишгоҳро дар бозори таҳсилоти ватанӣ ва берунӣ устувор гардониданд.

Ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки раёсати донишгоҳ бо мақсади пайравиву дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли 2021 музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳро зиёд намуд ва омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод карда шуданд. Биноҳои таълимии донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дастрас гашта, системаи гармидиҳӣ ба пуррагӣ омода гардид.

 

Дар самти фаъолияти таълимию методӣ дар соли ҳисоботӣ истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар раванди машғулиятҳо ва нашри шумораи зиёди китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, бахусус бо забони давлатӣ, ҳисобида шуданд.

Дастоварди муҳимми илмии соли 2021 ин ҳимояи 22 рисолаи илмӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ арзёбӣ гардид. Аз ин шумора 4 рисолаи докторӣ ва 18 рисолаи номзадӣ ҳисоб меёбанд. Ҳамчунин иштирок ва ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳо низ нисбат ба соли гузашта назаррас аст.

Аз ҷониби ректори донишгоҳ ба фаъолияти тарбиявию чамъиятии донишгоҳ низ баҳои баланд дода шуд, зеро соли ҳисоботӣ ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои гуногун бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.

Ҳамчунин роҳбари донишгоҳ вазифа ва тадбирҳои муҳимро барои соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир муайян намуданд, ки онҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 сарчашма мегиранд.

Зимни музокира муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ Ораз Муртазоев фикру ақидаҳои худро дар бораи дастовардҳои донишгоҳ, роҳҳои боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати ватаниву хороҷӣ ҷавобгӯ баён намуда, ҳисоботи солонаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ пешниҳод намуданд, ки донишҷӯён ва роҳбари илмии онҳо, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, мутаносибан бо панҷ ҳазор сомонӣ, се ҳазор сомонӣ ва ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин барои омӯзгороне, ки рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя мекунанд, ҳавасмандии моддӣ муайян карда шуд.

Сипас аз ҷониби ректори донишгоҳ ба як гурӯҳ устодони собиқадор мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба ғолибони озмунҳои “Омӯзгори сол”, “Кафедраи сол”, “Сарпарасти сол”, “Муҳаққиқи сол” ва “Донишҷӯи сол” диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Дар хотимаи ҷаласа Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат омӯзгорону кормандонро ба Соли нави мелодии 2022 табрику таҳният гуфта, изҳори умед карданд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2022 низ фаъолияти самаранок намуда, ба комёбиву дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top