Дастовардҳои нави донишгоҳ дар Форуми “Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо"

Бинанда: 1215 | Санаи нашр: 27 Декабр 2021
Санаи 24 декабри соли 2021 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми III-юми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи сайёҳии мамлакат таҳти унвони “Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур аз рӯи 4 номинатсия озмун эълон гардида буд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба озмуни мазкур аз рӯи 4 номинатсия 12 мақола ва 8 рӯнамо пешниҳод намуданд.
 
 
Дар ҷамъбасти Форум аз рӯи номинатсияи асосӣ - “Намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойи якум, дар номинатсияи “Нақшаи беҳтарини сайёҳӣ” донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси менеҷменти донишгоҳ Нурматова Шукрона Ҷамшедовна сазовори ҷойи дуюм ва барои иштироки фаъолона ба донишгоҳ Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top