Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 1065 | Санаи нашр: 29 Декабр 2021
29-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Масоили муҳимми баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир” баргузор гардид.

Ҷаласаи пленариро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Шаропов Ф.Р. ифтитоҳ намуда, доир ба муҳиммияти масоили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар замони муосир, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва татбиқи барномаҳои ҳозиразамони баҳисобгирии амалиёти молиявӣ суханронӣ кард.

Сипас дар ҷаласаи пленарӣ мудири кафедраи аудит ва таҳлили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Самариддин Низомов дар мавзӯи “Мушкилоти татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар корхонаҳои ватанӣ”, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Moore Stephens Tajikistan” Саидҷалол Тешаев дар мавзӯи “Такмили низоми аудити берунӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Абдумалик Мирзоалиев дар мавзӯи “Ҳисоботи молиявии таъйиноти умум: масоили таҳия ва нашр тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” баромад карда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни масоили матраҳгардида фикру мулоҳизаҳои пурмазмун баён карданд.

Инчунин, дар музокира дотсенти кафедраи баҳисобгири бухгалтерӣ ва аудити донишгоҳ Мирзобек Шобеков андешаҳояшро иброз дошт.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ Фарҳод Шаропов ба маърӯзачиён барои маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво арзи сипос кард.

Конференсияи байналмилалӣ нимаи дуюми рӯз идома ёфта, 30-юми декабр ҷамъбаст карда мешавад.

Шуъбаи таъбу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top