Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 949 | Санаи нашр: 23 Декабр 2021

23-юми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд.

Дар оғози ҷамъомад муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. доир ба аҳаммияти бузурги Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисос ибрози андеша намуд.

Сипас, Абдулло Раҳмонзода дар доираи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷсоли оянда муҳим арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми ҷамъомад Саймаҳмуд Саидов ба Абдулло Раҳмонзода арзи сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top