Дастоварди донишҷӯдухтарони донишгоҳ

Бинанда: 995 | Санаи нашр: 22 Декабр 2021

21-уми декабри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии “Ҷавондухтарони ҳунарманд ва намоиши либоси миллӣ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарон бо роҳбарии мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба кор бо донишҷӯдухтарон ва занон Шаҳло Сониева иштирок намуданд.

Дар озмун Нигина Ҷалилова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250108-и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ дар номинаи “Хӯриш ва омода намудани маҳсулоти нонӣ”, Шаҳзода Исмонова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 230101 дар номинаи “Тарзи бастани галстук”, донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Таҳмина Ғафурова, Манижа Достиева, Ҷонона Юсупова, Фархунда Орифова, инчунин, Манижа Ҳакимова, магистранти кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дар номинаи “Намоиши либосҳо” фаъолона ширкат варзида, маҳорату малакаи хуб нишон доданд. Боиси хушнудист, ки иштироккунандагони озмун маҳорати омода намудани таом ва оро додани дастархонро дар тренингҳои аз ҷониби лоиҳаи "Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ" ташкил карда шуда аз худ намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун донишҷӯдухтарони донишгоҳ ҷои дуюмро ишғол намуда, бо диплом, сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top