Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон

Бинанда: 1732 | Санаи нашр: 17 Декабр 2021

17-уми декабри соли 2021 бо саъю кӯшиши омӯзгори кафедраи забонҳо Абдулазизова Зебо Саъдулоевна дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон” чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд, ки муҳтавои асосии он чунин буд: Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеаи кишвар ва хориҷ аз он, хусусан, барои наврасону ҷавонон мояи ифтихор ва намунаи ибрат буд, ҳаст ва мемонад.

Пешвои миллат ҳанӯз соли 1998 китоби пурмӯҳтавои худ “Ҷавонон – ояндаи миллат”-ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, дар дасти ҷавонон будани ояндаи миллат қайд гардида буд.

Ҳар як асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия менамояд.

Мутолиаи асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Тоҷикистон дар остонаи фардо”, “Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён”, “Истиқлолият неъмати бебаҳост”, “Сарнавишти миллати соҳибтамаддун” “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра ба онҳо таъсири хуб мегузорад. Ҳар як хонанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад. Хуллас, аҳамияти ин асарҳо дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватану миллат хеле калон мебошад.

Мақсади асосии Сарвари хирадманди мо ин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пуртаззод мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафту ободӣ ва суботи мамлакат саҳгузор бошанд. Яъне ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз муҳтавои асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳ бошанд, онро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумоти зиёд манзур карда шудааст.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top