Викторинаи илмӣ-назариявӣ

Бинанда: 810 | Санаи нашр: 17 Декабр 2021

Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли ҷавон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, 17-уми декабри соли 2021 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ викторинаи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ дар рушди хоҷагии ҷаҳон” гузаронида шуд.

Дар викторина донишҷӯёни курсҳои якум ва чоруми ихтисосҳои 250103-иқтисодиёти ҷаҳон ва 23010103-ташкили робитаҳои байналмалилӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти озмун донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 250103 “Б” сазовори ҷои якум ва дастаҳои дигар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top