Самараи кори тарбия

Бинанда: 779 | Санаи нашр: 10 Декабр 2021
10 - уми декабри соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ бо волидайни донишҷӯён ҳамоиш баргузор намуд. Дар кори он декани факултет Ораз Муртазоев, муовини декан оид ба таълим-эдвайзер Қурбоналӣ Кабутов ва мудири кафедраи менеҷмент Абдурашид Мирзоалиев нисбати паҳлуҳои таълимӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ ва рушди касбияти донишҷӯён, бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раёсати донишгоҳ ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби садорати факултет ба беҳтарин донишҷӯёни факултет сипосномаву ифтихорномаи раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top