Семинари илмӣ-методӣ

Бинанда: 859 | Санаи нашр: 17 Декабр 2021

Санаи 16.12.2021 бо ташабусси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дар донишгоҳ семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Усулҳо ва воситаҳои муосири таълим” баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ семинари мазкурро сардори раёсати таълим Мирзоев Р.Р. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавии раванди таълим, ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки аз усулҳои муосири таълим истифода намуда, барои баланд бардоштани маҳорати касбии худ аз онҳо истифода намояд.

Баъдан, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҳусейнов Б.А. зимни баромади худ қайд кард, ки дар замони муосир, ки дар ҳамаи донишгоҳҳо низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ гардидааст, усули интерактивии таълим самаранок мебошад.

Дар охир ба саволҳои омӯзгорон посухҳои мушахас дода шуд.

Дар ҷамъбасти семинар, сардори раёсати таълим Мирзоев Р.Р. ҳозиринро барои иштироки фаъол арзи сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top