Нақши Ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ

Бинанда: 871 | Санаи нашр: 16 Декабр 2021

16-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ” баргузор гардид.

Ҷаласаи пленариро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ифтитоҳ намуда, ба таври мухтасар доир ба ҳаёту осори мутафаккири бузурги халқи тоҷик – Ибни Сино ва нақши мондагори ӯ дар рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ суханронӣ кард.

Сипас дар ҷаласаи пленарӣ професори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамид Маҷидов дар мавзӯи “Абӯалӣ ибни Сино ва инкишофи илмҳои табиатшиносӣ”, профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Комилӣ Абдулҳай Шарифзода дар мавзӯи “Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои риёзиву табиатшиносӣ”, муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Баҳром Қурбонов дар мавзӯи “Назарияи илмии Абӯалӣ ибни Сино оид ба хосиятҳои кимиёӣ ва табобатии об”, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДТТ Сафар Зайнуддинов дар мавзӯи “Баъзе дастовардҳои Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ”, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии донишгоҳ Ҳабибулло Мақсадов дар мавзӯи “Абӯалӣ ибни Сино – энсиклопедисти бузурги тоҷик” ва дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДТТ Назаралӣ Салимов дар мавзӯи “Таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми физика” бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карда, доир ба нақш ва саҳми бузурги Ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносию риёзӣ ва таъсири судманди осори илмии ӯ дар пешрафти илмҳои гуногун, бахусус, илми тиб фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуданд.

Инчунин, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов доир ба мавзӯи матраҳшуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз кард.

Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ Фарҳод Шаропов ба маърӯзачиён барои суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Семинар нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо идома ёфта, 17-уми декабр ҷамъбаст карда мешавад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top