Тарбияи худшиносии ҷавонон ва танзими ҷашну маросим

Бинанда: 867 | Санаи нашр: 16 Декабр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 15-уми декабри соли 2021 ҷамъомад таҳти унвони “Тарбияи хештаншиносӣ ва моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Сафарзода иштирок кард.

Дар оғози ҷамъомад сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов доир ба муҳиммияту мубрамияти мавӯи мавриди назар дар замони муосир сухан гуфт.

Сипас Диловар Сафарзода перомуни мавзӯи зикршуда, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев дар мавзӯи “Нақши фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ” ва мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова доир ба татбиқи қонуни мазкур дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба худшиносиву худогоҳии ҷавонон, рушди фарҳанги ҳукуқии онҳо ва риояи қонуни зикршуда аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа баён карданд.

Дар хотимаи ҷамъомад Сайфулло Авғонов ба нотиқон барои маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top