Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён

Бинанда: 1001 | Санаи нашр: 10 Декабр 2021

10-уми декабри соли 2021 дар факултети молия ва қарз доир ба масоили ҳамкории садорати факултет бо волидайни донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳриддин Нурдинов дар хусуси ҳамкории волидайн бо донишгоҳ, баланд бардоштани  сифати таълиму тарбия, дараҷаи азхудкунии фанҳои таълимӣ, иштироки донишҷӯён ба дарс, супоридани қарзҳои академӣ, тарғиби одобу ахлоқи нек дар байни муҳассилин ва интизомнокию масъулиятшиносии онҳо суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба китобхонию донишандӯзӣ, иҷрои саривақтии талаботу супоришҳои омӯзгорон, садорати факултет ва раёсати донишгоҳ даъват намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top