Дастоварди илмии олими ҷавон

Бинанда: 902 | Санаи нашр: 10 Декабр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сафи олимону муҳаққиқони ҷавон рӯ ба афзоиш аст. Кадрҳои илмии ояндадору донишманди ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои номзадиву доктории худро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.

Аз ҷумла, 10-уми декабри соли 2021 мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қудратов Некрӯз Абдунабиевич дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзи ҷиноятӣ-ҳуқуқии асосҳои тартиби конститусионӣ ва амнияти давлатӣ: проблемаҳои доктрина, тарбияи ҳуқуқӣ ​​ва такмили қонунгузорӣ” бомуваффақият рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Қудратов Некрӯз Абдунабиевичро бо ин дастоварди илмиаш самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ ва омӯзгориаш барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top