Тарбияи мутахассисони дорои касбияти баланд

Бинанда: 813 | Санаи нашр: 11 Декабр 2021

11-уми декабри соли 2021 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну волидайни онҳо ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдукарим Қурбонов доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии факултет дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2021-2022 суханронӣ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии раёсати донишгоҳ аз такмили пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода гардонидани мутахассисони баландихтисос иборат мебошад.

Сипас муовини декан оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдуалим Ҳомидов ва муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров дар бораи қарзҳои академии донишҷӯён, дар муҳлати муайянгардида супоридани онҳо, вазъи таълиму тарбия ва иҷрои бандҳои “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карданд.

Дар хотимаи ҷамъомад Абдукарим Қурбонов иброз дошт, ки аҳли факултет минбаъд низ барои хубтару беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top