Дар доираи масоили муҳим

Бинанда: 835 | Санаи нашр: 10 Декабр 2021

10-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон дар асоси ҳамкории ин боргоҳи илму маърифат бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Фахрия Ашурова, мутахассисони раёсат Юсуф Ғафурзода ва Додихудо Шарипов иштирок карданд.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов доир ба масоили тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, кирдорҳои зидиахлоқӣ дар байни наврасону ҷавонон воридшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии таҳоҷуми фарҳанги бегона, одоби шаҳрнишинӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва рушди фаъолияти ризокорӣ дар пойтахт суханрони кард.

Сипас дар доираи масъалаҳои зикршуда Фахрия Ашурова баромад намуда, фикру мулоҳизаои худро доир ба масъалаҳои риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби замони муосир бахусус, терроризму ифротгароӣ, донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои муқадасоти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат баён кард.   

Юсуф Ғафурзода ва Додихудо Шарипов низ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масоили зикршуда иброз намуданд. Инчунин меҳмонон бо суолҳои аҳли нишаст посухгуфтанд.

Дар хотимаи ҷамъомад Шамс Ниёзов ба меҳмонон барои баргузории ин вохурии судманду омӯзанда изҳори сипос кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top