Вохӯрии судманд

Бинанда: 881 | Санаи нашр: 09 Декабр 2021

9-уми декабри соли 2021 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорат вохӯрӣ дар мавзӯи “Ҳамкории садорати факултети иқтисодиёт ва тиҷорат бо волидайни донишҷӯён” баргузор гардид, ки дар он донишҷуёну волидайни онҳо иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдурасул Ҷабборов доир ба масъалаҳои ҳамкории донишгоҳ бо волидайни донишҷуён, риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ аз ҷониби муҳассилин, иштироки онҳо ба дарс, вазъи сабақгардонӣ, дараҷаи азхудкунии фанҳои таълимӣ, супоридани карзҳои академӣ ва пардохти маблағи таҳсил суханронӣ намуда, ичрои ҳатмӣ ва саривақтии онҳоро омили муҳимми рушди таълиму тарбия ва таҳкими иртиботи волидайн бо донишгоҳ арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъол ва волидайни онҳо ифтихорномаю сипоснома супорида шуд

Шуъбаи табъу нашр.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top