Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ

Бинанда: 884 | Санаи нашр: 09 Декабр 2021

8-уми ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир” бо иштироки сардори Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм Миралӣ Назаров, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминҷон Абдуллозода, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Раҳмонзода, Вазорати корҳои дохилии кишвар Рустам Ҷумъазода ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухҷон Ҳалимов баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, меҳмонони арҷмандро ба донишгоҳ хушомадед гуфт ва доир ба муҳиммияти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, нақши калидии ниҳодҳои давлатӣ дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби замони муосир, масъалаи мубрами глобалӣ будани он, маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва ғайра суханронӣ кард.

Дар идомаи семинар меҳмонон дар доираи мавзӯи матраҳгардида бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун баромад карда, фикру ақидаҳои худро доир ба мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, пешгирии воридшавии наврасону ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хушунату ифротгароии маънавию динӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, маводи мухаддир, тақвияту такмили дониши динию дунявӣ ва дигар масоили муҳимми замони муосир баён намуданд.

Сипас декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдукарим Қурбонов фикру мулоҳизаҳои худро перомуни мавзӯи зикршуда изҳор кард

Инчунин, меҳмонон ба саволҳо аҳли толор посух гуфтанд.

Дар фарҷоми семинар Фарҳод Шаропов баъзе ҷанбаҳои масоили матраҳшударо таҳлилу баррасӣ намуда, аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои баргузории чунин як нишасти пурмуҳтаво изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top