7 декабр-Рӯзи молиячиён

Бинанда: 941 | Санаи нашр: 07 Декабр 2021

ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҲАДАФМАНДИ МОЛИЯ ДАР ДАВРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлоли дар низоми молияи давлат бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ, ташкили он мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ ислоҳоти мукаммал гузаронда шудаанд.

Маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рушди муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд. Дар ин давра раванди ислоҳоти иқтисодию молиявӣ  оғоз гардид, ки ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд.

Бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 10 соли оғози ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист ба пешравии воқеию назаррас ноил гардида, иқтисоди миллиро муътадил ва барқарор намояд. Рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна дар як сол 7 фоиз ва ҷамъоварии қисми даромади буҷет аз 14,1 фоизи нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000-ум то 22,3 фоизро дар соли 2020 ташкил дод.

Қобили қайд аст, ки соли 1997 ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 миллион сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомонӣ рост меомад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ дар ҳама бахши иқтисодии кишвар, ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум 24704,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 3243,6 сомонӣ ё 740,7 доллари амрикоӣ ва дар соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ 8788,9,7 сомонӣ ё 851,5 доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар 10 соли охир ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 12,2 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2020 ба  25065,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он 30,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат дар сиёсати давлатдорӣ мавқеи идоракунии молияи давлатиро муайян намуда, зимни суханронии худ, дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия зикр намуданд, ки  "Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии ислоҳот дар идораи молияи давлатӣ Вазорати молия ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет, заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд. Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардиданд".

Дар доираи ислоҳоти сиёсати минбаъдаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки афзалиятнокии онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ муайян намудаанд, равона мегардад.

Рӯзи касбии молиячиёнро ба ҳамаи кормандон табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон дар ҷодаи амалӣ намудани сиёсати молиявии давлату Ҳукумати мамлакат барори кор орзумандем.

Мудири кафедраи молияи ДДТТ, н.и.и., дотсент Баҳодур Дӯстматов

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top