Вохӯрӣ дар хобгоҳ

Бинанда: 798 | Санаи нашр: 07 Декабр 2021

6-уми декабри соли 2021 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Далер Ҷалилов бо донишҷӯён баргузор гардид.

Вохӯриро сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов оғоз намуда, зикр кард, ки дар донишгоҳ ба тарбияи маънавию ахлоқӣ, худшиносиву ватандӯстии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи афзун зоҳир гардида, тадбирҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ доир карда мешаванд.

Далер Ҷалилов зимни суханронӣ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ байни донишҷӯёни маскуни хобгоҳ мусобиқаи зеҳнӣ-варзишӣ аз намудҳои шоҳмот ва шашка гузаронида шуда, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top