Пешгирӣ беҳ аз табобат

Бинанда: 917 | Санаи нашр: 02 Декабр 2021

2-юми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон мизи мудаввар баргузор карда шуд, ки дар кори он дар баробари омӯзгорону донишҷӯён мудири шуъбаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) Умед Талбоев ва мутахассиси ҳамин шуъба Нарзизода Сино иштирок намуданд.

Мизи мудавварро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва эшонро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт.

Сипас, Нарзизода Сино ва Умед Талбоев дар бораи таърихи пайдоиши бемории ВИЧ-СПИД, роҳҳои гузариш ва мубориза алайҳи он, қобилияти ҳаётии вирус, марҳилаи ноаёнии он, озмоиш дар бораи ВНМО, намудҳои тесткунонӣ, табобати зиддиретровирусӣ (ЗРВ) ва ғайра суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати ин ва дигар бемориҳои сироятӣ тамоми шароитҳо ва мутахассисони баландихтисос мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, таъкид намуданд нотиқон, табиби ҳар кас пеш аз ҳама худи ӯст. Аз ин рӯ, мо ҳамагонро зарур аст, ки пеш аз ҳама дар бораи ин ё он беморӣ маълумоти кофӣ дошта бошем ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологиро қатъӣ риоя намоем.

Нотиқон инчунин ба роҳбарияти донишгоҳ барои доир намудани чунин як суҳбати озоду самимӣ ва дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи ВНМО (1-уми декабр) гузаронидани чорабинии махсус изҳори сипос намуданд.

Дар хотимаи ҷамъомад байни меҳмонону донишҷӯён доир ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top