Аксия дар донишгоҳ

Бинанда: 838 | Санаи нашр: 01 Декабр 2021

1-уми декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СИПИД) аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявӣ аксия гузаронида шуд.

Дар аксия донишҷӯён бюллетенҳоро, ки дар онҳо доир ба пешгирию эҳтиёт шудан аз бемории зикршуда маълумот мавҷуд буд, ба омӯзгорону кормандон ва муҳассилин тақсим намуда, моҳияту мубрамияти масъалаи мавриди назарро шарҳу эзоҳ доданд.

Таъкид гардид, ки дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбад, ки тақрибан 50%-и онро наврасону ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, мо ҳамагонро зарур аст, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологиро қатъиян риоя намоем.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top