Татбиқи барномаи магистрӣ дар самти идоракунии соҳибкории саноатӣ

Бинанда: 917 | Санаи нашр: 30 Ноябр 2021

Рӯзҳои 22-27 ноябри соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи MIETC (Development of a Master Programme in the Management of Industrial Entrepreneurship for Transition Countries) - «Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи менеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар давраи гузариш» дар Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи Караганда ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаеви Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки масъулини донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҳамкори лоиҳа аз Италия, Испания, Ҷумҳурии Казоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ силсилаи семинару вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Фарҳод Шаропов ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Эшов Муҳаммадалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ҳамчунин паҳлӯҳои гуногуни густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, рушди табодули академӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак бо ҳамкорони хориҷӣ баррасӣ гардиданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top