Ҳушёриву зиракии сиёсиро набояд аз даст дод

Бинанда: 854 | Санаи нашр: 26 Ноябр 2021

26-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумъазода Ҷамшед бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз намуда, баъдан бо камоли эҳтиром суханро ба Ҷумъазода Ҷамшед во гузоштанд.

Мавсуф дар бораи вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, яъне  нуфуз ва таъсири давлатҳои абарқудрат ба минтақаҳои гуногун, бахусус, вазъи кунунии кишвари ба мо ҳаммарз-Афғонистон, фаъолияти ҳизбу гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба тафсил суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Осиёи Марказӣ чӣ аз ҷиҳати мавқеи географӣ ва чӣ аз ҷиҳати боигариҳои табиӣ таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудратро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, кӯшиш менамоянд, ки нуфузу таъсири худро ба ин кишварҳо бештар гардонанд.

Ҷумъазода Ҷамшед зимни суханронӣ аз амалҳои ноҷавонмардонаи намояндагони ҳизби мамнуи террористиву экстремистии Наҳзати ислом ёдовар шуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва шомил нагардидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро даъват намуд.

Сипас, омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла Саидмуъмин Саидзода, Исматзода Ҷабраил суханронӣ карда, қайд намуданд, ки вохӯрии судманди имрӯза, бешубҳа, ба худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонони донишгоҳ, ки пайравони Пешвои миллатанд, рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар хотимаи ҷамъомад ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба Ҷумъазода Ҷамшед барои чунин як вохӯрии самимию муфид изҳори сипос намуда, эшонро бовар кунонд, ки омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун фарзандони содиқу ватандӯсти ин кишвар дар амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top