Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа

Бинанда: 926 | Санаи нашр: 26 Ноябр 2021

Дар донишгоҳ 26 – уми ноябри соли 2021 дар доираи “16 рӯзи амалҳои фаъол муқобили хушунати гендерӣ” аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ ва Дафтари барномаҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа» баргузор гардид.

Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ҳамитов М.С. ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳиммияти мавзӯи зикргардида дар замони муосир сухан гуфт.

Сипас тренери мустақил Наврӯз Маҳмудов дар мавзӯи зикргардида суханронӣ намуда, доир ба мафҳумҳои гендер, қолабҳои гендерӣ бо усулҳои нави интерактивӣ ва Ҳаракати иҷтимоии “HeForShe” маълумот дод.

Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, доктори PHD Сиёвуш Наботов оид ба аҳаммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ Фарҳодҷон Ҷабборов дар мавзӯҳои “Татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа” ва “Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа” маърӯзаҳои пурмазмун карданд

Инчунин, иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, фарқи байни “гендер”-у “ҷинс” ва зарари қолабҳои гендериро муайян намуданд.

Дар фарҷоми тренинг аҳли толор наворҳои кӯтоҳи видеоиро оид ба роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагӣ тамошо карда, таассуроти худро баён карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top