Эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба миллату давлат аст

Бинанда: 807 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2021

Дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Мизии мудавварро декани факултет Муртазоев О.Қ. оғоз намуда ҳозиринро бо Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфт ва дар бораи парчаму парчамдории тоҷикон, эҳтирому арҷгузорӣ ба он ҳарф зад.

Сипас, омӯзгорони факултет Ҷабборов Ф. дар мавзӯи “Парчам ҳамчун рамзи далатдорӣ” ва Навоӣ Бердӣ дар мавзӯи “Парчам – ифтихори миллат” маърузаҳои пурмазмун карданд. Чанде аз донишҷӯёни факултет низ оид ба ин муқаддасоти миллӣ, яъне Парчами давлатӣ ҳарф зада, андешаҳои худро дар бораи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар баён намуданд.

Дар мизи мудаввар сармутахассиси раёсати тарбия Алимардонова Ф. суханронӣ намуда, аз нақш ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ободиву шукуфоии кишвари азизамон ёдовар шуда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандӯсту меҳанпараст маънидод кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top