Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 995 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2021

“Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем...”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба чунин суханони пурарзиши Пешвои муаззами миллат 25-уми ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ” баргузор гардид.

Конференсияро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқадимавӣ оғоз намуда, доир ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, англисиву русӣ дар таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, дар ҷаласаи пленарӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар мавзӯи “Ҷойгоҳи забонҳои миллӣ дар раванди робитаҳои байнифарҳангӣ”, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи зикргардида, доктори илмҳои филологӣ Сахидод Раҳматуллозода дар мавзӯи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва нақши он дар таълими забони давлатӣ”, профессори Донишгоҳи Небраскаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка Патрик Макнамара дар мавзӯи “Муоширати байнифарҳангӣ – фарохтар аз омӯзиши забон”, профессори Донишгоҳи Небраскаи ШМА Ҷеймс Кларк дар мавзӯи “Муҳиммияти омӯзиши забон дар ҷаҳони мутамаддин”, номзади илмҳои филологӣ Зебо Абдулазизова дар мавзӯи “Развитие русского языка в образовательной среде - как средство расширения межкультурных связей” ва мудири кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Ирода Турдиаханова дар мавзӯи “Зарурати омода намудани мутахассисони самти таъмини забонии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуда, доир ба мақому мартабаи забони миллӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши забон дар бобати инкишофи робитаҳои байнифарҳангӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолибу судманд баён карданд.

Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ Саймаҳмуд Саидов ба иштирокдорони семинар барои иштирок ва суханронии пурмуҳтаво арзи сипос намуд.

26-уми ноябр кори конференсия идома меёбад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top