Боздиди омӯзгорону донишҷӯён аз Осорхонаи миллӣ

Бинанда: 815 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2021

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо роҳбарии муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дидан намуданд.

Донишҷӯён зимни тамошои толорҳои осорхона бо таъриху фарҳанг, расму анъана ва суннатҳои миллии тоҷикон шиносоии бештар пайдо карда, донишу маърифати худро дар самти худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ғанитар гардониданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top