Семинар ва дарси кушоди тарбиявӣ

Бинанда: 975 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2021

22-юми ноябри соли 2021 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ҳамкориҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо волидайни донишҷӯён” ва дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёну волидайни онҳо иштирок намуданд.

Семинарро муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров оғоз намуда, доир ба робитаи донишгоҳ бо волидайни донишҷӯён ва беҳтар шудани сифати таълиму тарбия суханронӣ кард.

Сипас, муовини декан оид ба таълим Абдуалим Ҳомидов, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов ва сармутахассиси ҳамин раёсат Фарида Алимардонова. доир ба иҷрои бандҳои Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ибрози андеша намуданд.

Баъди анҷоми семинар иштирокдорон дар дарси кушоди тарбиявӣ, ки донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои 230101 ва 23010205 таҳти роҳбарии сарпарастони гурӯҳҳояшон омада намуда буданд, иштирок карда, таассуроти хуб бардоштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷуёни фаъол ва волидайни онҳо ифтихорномаю сипоснома супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top