Семинари илмию назариявӣ

Бинанда: 768 | Санаи нашр: 25 Ноябр 2021

24-уми ноябри соли 2021 дар донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ семинари илмию назариявӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои умумибашарии хоҷагии ҷаҳон ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.

Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия Ҳамитов М.С. оѓоз намуда, доир ба муҳиммияти мавзӯи баёнгардида андешаронӣ намуд.

Сипас профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Дӯстбоев Ш., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов А. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷ. доир ба мавзӯи зикргардида маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Инчунин, бархе аз иштирокдорон доир ба мавзӯи мавриди назар фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Муҳитдин Ҳамитов ҳозиринро бори дигар ба ин ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top