Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ

Бинанда: 801 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ, намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки аз 19-ум то 22-юми ноябри соли ҷорӣ шуда гузашт, ҷамъбаст гардид.

Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бар дастаи Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуфова ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид.

Ҷойи дуюмро дастаи Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуфова ва ҷойи сеюмро дастаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ишғол намуданд.

Дастаҳои ғолиб бо мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top